Аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Хуҷанд

Category: News Written by Администратор Hits: 3788

Баҳри иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.02.2019, № 10 оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил» ва дар доираи 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои басо муҳиму наҷиб ба сомон расонида шуда истодааст ва идома дорад. Бо ин мақсад дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист, бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани соҳилҳои дарё бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар он кормандони шуъба, бахши кор бо ҷавонон, сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр, кормандони Маркази дилшиносии вилоят ҳамагӣ 220 нафар иштирок доштанд.  

   Дар рафти аксия соҳили дарёи Сир аз кӯпруки ҷашнӣ то боғи К.Хуҷандӣ аз партовҳои маишӣ, алафҳои бегона тоза карда шуда,  2-3 м 3 партов бароварда шуд.