Фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2019 ҷамъбаст гардид

Category: News Written by Администратор Hits: 3771

Санаи 2 июли соли равон равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Раёсат дар нимсолаи аввали соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумрон Абдураҳмонзода, Саидимон Акбаров мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардорони шӯъбаҳои Раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Сардори Раёсат Т.Нӯмонзода бо маърӯзаи ҳисоботӣ бобати фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ин давра баҳри пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини риояи қонуну қоидаҳои қабулгардида дар ҳама самтҳо, маърифати экологӣ нисбати ҳамин давраи соли пешин натиҷаҳои хубро муваффақ гардид. Дар ҷаласа фаъолияти нисбатан қаноатбахши бахшҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Ҷ.Расулов, Исфара ва фаъолияти сусти бахшҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ, Бӯстон, Деваштич ва Шаҳристон қайд карда шуд.

     Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумрон Абдураҳмонзода аз сардорони шуъбаҳои Раёсат ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал оварда, оид ба сари вақт ситонидани маблағи пардохт, ҷарима ва зарар, таҳлили дурусти он ва дигар масъалаҳо, барои ислоҳи камбудиҳо ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод.