Истиқлолият - неъмати бебаҳост

Category: News Written by Администратор Hits: 3756

Тибқи барқияи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 15.07.2019, 16/10-33, бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят маҷлиси тантанавӣ  доир гардид.

Сардори Раёсат Нӯмонзода Т. бо сухани ифтитоҳӣ ҳамаи кормандонро бо фарорасии ин санаи  муҳими таърихӣ самимона муборак намуд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашанавда ва комилҳуқуқӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи сиёсати муваффақонаи хориҷии худ бо аксари кишварҳои олам робитаҳои дипломатиро ба роҳ монд, ки ин равобит ба манфиати мардуми мамлакат самараҳои нек ба бор овард.

Дар вилоят қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавсиб расидааст, ки  баҳри иҷрои  он дар миқёси вилоят аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист бо ҷалби оммаи васеъ, барои  тозаву обод нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати экологии минтақаҳо мунтазам аксияҳои “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва аксияи “Ҳавои тоза” гузаронида шуда истодааст.

    Инчунин таъкид гардид, ки Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва зерсохторҳои он барои бо дастовардҳои назаррас ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  тамоми қувваю ғайрати хешро равона месозад.