Истиқлолият поянда бод!

Category: News Written by Администратор Hits: 3631

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд соати симёсӣ доир гардид. Сардори шуъба  Дўсматов А. оид ба таърихи Истиқлолияти давлатӣ баромад намуда, зикр кард, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки 28 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ  пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

     Ҳамзамон қайд карда шуд, ки шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд то имрўз бахшида ба ин санаи таърихӣ аксияҳои экологӣ, корҳои ободонию хуррамгардониро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ намуда , ба он ҳамаи сохторҳои марбутаи шаҳр ҷалб карда шуданд.