Истиқлолият дастоварди пурарзиши миллат!

Category: News Written by Администратор Hits: 3567

Ба истиқболи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади фаҳмонидани моҳияти Истиқлолияти давлатӣ бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов маҷлиси идона доир намуд. Мудири бахш Фарҳод Каримзода арзишҳои волои Истиқлолият, арҷгузорӣ намудан ба рамзҳои давлатӣ, нақши арзандаи Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, татбиқи чаҳор ҳадафи стратегиро таъкид намуд.

    Ҳамчунин қайд намуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо аз тарафи бахш  ҳамчоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як қатор корҳои ободониву хуррамгардонӣ, аксияхои экологи ба ҷалби васеи аҳоли ташкил ва гузаронида шуд, ки барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамояд.