Ҳамкории судманд дар сохаи моҳипарварӣ дар вилояти Суғд

Category: News Written by Администратор Hits: 3715

    Рушди соҳаи моҳипарварӣ ва коркарди маҳсулоти моҳигӣ дар вилояти Суғд руз то руз рушд ёфта истодааст. Чанде пеш, дар рӯзҳои баргузории намоишгоҳи байналмилалии  универсалии «Тоҷикистон – 2019» дар шаҳри Душанбе намояндагон аз  вилояти худмухтори Ханты – Мансийски Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз рафти сайди моҳӣ ва коркарди маҳсулоти моҳигии хоҷагиҳои моҳидории ҶСК «Мохипарвари Гулистон» ва ҶСК  «Моҳии тоҷик» шинос шудаанд. Дар рафти шиносоӣ сарвари маркази маъмурии лоихаи байниминтақавии вилояти худмухтори Ханты-Мансийск ва Ҷумҳурии Тоҷикистон  Кулдашев Т.Б. ва директори генералии истеҳсоли заводи коркарди масолеҳи нимтайёри маҳсулоти моҳигӣ Соколова Т.В. аз коркарди моҳии баландсифати обанбори Баҳри тоҷик изҳори қаноатмандӣ зоҳир намуданд.

    Дар назар аст, ки дар оянда низ барои коркарди моҳиҳои хушсифат корбарии зич ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин намояндагон аз хоҷагии серсоҳаи ҶДММ «Рахшона»-и ноҳияи Ашт, бо роҳбарияти ҳамин хоҷагиҳо вохӯрӣ гузаронида, аз рафти парвариши моҳӣ дар кулҳои намунавии  моҳипарварӣ дидан намуданд.