Президенти мо ифтихори мо!

Category: News Written by Администратор Hits: 4174

Баргузории соатҳои сиёсӣ бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ дар зерсохторҳои мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ба ҳукми анъана даромадааст. Бо ин мақсад санаи 15 ноябр дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд бахшида ба 27 солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент соати сиёсӣ доир гардид. Сардори шуъба Дусматов А. оид ба таърихи ин санаи муҳим, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардидааст маълумот дод. Хамчунин ёдовар шуд, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

      Хамчунин таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дар хамасола Паёмҳояшон  ба ҳифзи муҳити зист таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд ва дар ин давра як қатор конуну карорҳо  ва барномаҳои соҳави руи кор омадаанд.