Вохӯрӣ бо донишҷӯён таҳти унвони “Парчамат поянда бод”

Category: News Written by Администратор Hits: 3305

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи корӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “ДДХ ба номи Б.Ғафуров” дотсент Собиров М.С. бо донишҷӯён ва устодон ҳамагӣ 100 нафар доир гардид. Устодони Донишкадаи мазкур зимни суханронӣ қайд карданд, ки Парчами миллӣ нахустнишони муқаддаси ҳар як кишвару халқ аст, он симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Нақши Парчам дар таърихи ҳар як давлат ба таври хоса арҷгузорӣ карда шуда, маҳз зери Парчами худ кишварҳо ба ҷаҳониён фарҳангу таърих, бурдбориҳову пешравиҳои худро муаррифӣ менамоянд. Таърих гувоҳи он аст, ки миллатҳои гуногун давлатдории худро зери Парчам ҳифз ва поягузорӣ намуда, орзуву мароми худро дар ин рамзи давлатӣ нақшгузорӣ намудаанд.

 Аз ҷониби намояндаи Раёсат бобати тағъир ёфтани иқлим, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъсири рушди иқтисодиёт ба захираҳои табиӣ ва ифлосшавии муҳити зист, зарурати рушди маърифати экологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор баромадҳо шунида шуданд. Дар рафти вохӯрӣ донишҷӯён низ оиди ҷой доштани муаммоҳои экологӣ,  роҳҳои ҳалли онҳо, ҳамчунин пешниҳоду дархостҳо нисбати беҳдошти муҳити зист изҳори ақида намуданд. Ҳамзамон иштирокдорони вохӯрӣ ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.