Бахшида ба 5 декабр – Рӯзи умумиҷаҳонии волонтерон. Саҳми волонтерон дар беҳбудии муҳити зист

Category: News Written by Администратор Hits: 3658

Санаи  5  декабр  бахшида  ба  Рузи  байналмилалии  волонтерон бо ташаббуси  Ҷамъияти ҲилолиАҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд  дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 23 ш.Хуҷанд вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ  намояндагони ҷамъият, волонтерон, сардори шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд, сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, омӯзгорон ва хонандагон иштирок доштанд. Шукурова Дилрабо  ҳамоҳангсози  лоиҳаи “Ташаббусҳо барои рушди ҷавонон”, ки аз тарафи  Салиби Сурхи Итолиё дастгирӣ  карда мешавад, бо призентатсия оиди таърихи ташкилёбии ин ҷамъият ва самтҳои фаъолияти волонтерон, махсусан саҳми онҳо дар ташкил ва гузаронидани аксияҳои экологӣ, аз партов тоза намудани соҳили дарё ва гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ доир ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист баромад намуд. Рафти вохӯрӣ волонтерон ба хонандагон варақаҳои  иттилоотӣ тақсим намуданд.

     Дар интиҳои  чорабинӣ аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд барои гузоштани  саҳми арзанда дар беҳдошти муҳити зист, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои экологӣ ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтерон ба намояндагони Ҷамъияти мазкур сипоснома тақдим гардид.