Безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори корношоям оғоз мегардад

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2994

Бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирӣ намудани ифлосшавии муҳити зист ва безараргардонии  лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифодабаромада, дар асоси супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд як адад таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори тамғаи “ЭКОТРОМ-2” - 150-300 истеҳсоли Федератсияи Русияро харидорӣ  намуда буд.

    Таҷҳизоти мазкур бо қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Чумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2020, №242 ҷиҳати ба кор андохтан ба тавозуни ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Чароғ”-и шаҳри Исфара гузаронида шуд, ки минбаъд пас аз омода гардидани мутахассис дар миқёси вилояти Суғд безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори корношоям оғоз карда мешавад.