Санаи экологӣ 2 феврал – Рузи умумиҷаҳонии заминҳои обиву ботлоқӣ

  Ҳамасола санаи 2 феврал аз соли 1997 инҷониб аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ (WorldWetlandsDay) таҷлил карда мешавад. Ҳадафи ин ҷашн ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ва Ҳукумати кишварҳо ба муаммоҳои заминҳои обию ботлоқӣ мебошад, ки барои рушди устувори сайёра нақши хеле муҳимро иҷро мекунад. Соли 1971 дар Эрон Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба муҳофизати мавзеъҳои обию ботлоқӣ аз ҷониби 18 кишвар имзо шуда, соли 2000-ум шумораи кишварҳои аъзо ба 119 расид. Имрӯз бошад 159 кишвар ба узвияти Конвенсияи Ромсар ҳамроҳ гаштаанд. Шумораи мавзеъҳои обию ботлоқие, ки дар таҳти муҳофизат қарор гирифтааст 1869 адад буда, майдони умумиашон 1836000 километри мураббаъро ташкил мекунад. Шароитҳои табиии ин мавзеъҳо барои зисти бисёр намуди парандаҳо, ҳашарот, моҳӣ ва дигар ҳайвонот мувофиқ аст. Инчунин заминҳое, ки ба рӯйхати мавзеъҳои обию ботлоқӣ дохил мешаванд, дорои захираҳои маъданҳои фоиданок мебошанд. Тоҷикистон чун ҷузъи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба муҳофизати заминҳои обию ботлоқӣ 9-уми марти соли 2001 шомил шудааст. Баъд аз ҳамроҳ гаштани Тоҷикистон ба Конвенсияи Ромсар аз ҷониби муттахассисони соҳа панҷ номгӯи мавзеъҳои обию ботлоқии ҷумҳурӣ, ки аҳамияти байналмилалӣ доранд, аз он ҷумла кӯли Қароқӯл, Шоркӯл, Рангкӯл, Зоркӯл ва обанбори Қайроққум ба қайд гирифта шуд. Маврид ба тазаккур аст, ки ҳамаи мавзеъҳои обию ботлоқии дар ҷумҳурӣ мавҷудбуда, дар тобеияти заминҳои муассисаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҷойгир шуда, масоҳат вобаста ба оби обанбор дар ҳудуди 3 - 5 ҳазор гектар мебошад. Ба ҷуз аз мавзеъҳои дар боло номбаршуда, дар ҳудуди кишварамон дигар мавзеъҳои обию ботлоқӣ мавҷуданд, ба монанди мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон», кӯли Яшилкул, Искандаркӯл ва дигар мавзеъҳое, ки аҳамияти байналмилалӣ доранд ва онҳоро низ метавон дар рӯйхати Конвенсияи Ромсар ворид кард.

Идомаи амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» дар минтақаҳои кӯҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

  Дар рӯзҳои паст фаромадани ҳарорат, боришоти барф ва сард омадани обуҳавои моҳи январи соли 2026 дар минтақаҳои кӯҳии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Деваштич, Ашт ва дуюм маротиба Истаравшан аз ҷониби зерсохторҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд баргузории амалиёти «Ҳифзи ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ» идома дода шуд. Ҳангоми гузаронидани корҳои биотехникӣ бо мақсади беталаф баровардани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз сармои зимистон таъминот бо хӯроки иловагӣ ба амал омада, ҳаҷми маводу намуди маҳсулоти зерин истифода гардид: дар шаҳри Исфара - 250 кг-мӣ гандум ва ҷав, 200 кг маккадона, 100 кг намак, 150 кг-мӣ сабӯс ва хӯроки омехта, 100 кг сабзӣ ва 20 банд бастаи беда; дар шаҳри Истаравшан - 90 кг-мӣ гандум ва ҷав, 40 кг намак, 80 кг-мӣ сабӯс,  20 бандӣ бастаи каҳ ва беда; дар шаҳри Конибодом - 400 кг гандум, 200 кг-мӣ ҷав ва маккадона; дар ноҳияи Деваштич - 300 кг-мӣ гандум ва ҷав, 50 кг намак, 250 кг сабзӣ, 20 банд бастаи каҳ ва 15 банд бастаи беда; дар ноҳияи Ашт - 270 кг гандум, 880 кг маккадона, 185 кг намак ва 200 банд бастаи алаф. Марид ба қайд аст, ки дар минтақаҳои баландкӯҳ ва доманакӯҳҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Деваштич, Ашт, Шаҳристон, Ҷ.Расулов, инчунин дар минтақаҳои болооб ва соҳилҳои обанбори «Баҳри Тоҷик» давоми як моҳ, ҳамагӣ 11 маротиба амалиёти «Ҳифзи ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ» ташкил ва гузаронида шуд.

Дар муассисаи таълимии шаҳри Гулистон оид ба ташвиқу тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор гардид

  Бо мақсади иҷрои нақшаи корӣ ва супориши протоколии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо доир ба омӯзиши матн ва ташвиқу тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии мамлакат санаи 16 декабри соли 2025 баён гардид,ҷиҳати гузаронидани вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимии соҳаи маориф ва дигар муассисаю ташкилоти ҳудуди маҳал, аз ҷумла бо ҷалби намояндагони КИ ҲХДТ, устодон, омӯзгорону коршиносон барқияи фаврӣ ирсол гардид. Дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон вохӯрӣ бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ташкил ва гузаронида шуд. Дар рафти вохӯрӣ ба иштирокдорон оид ба нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, ташаббусҳои Тоҷикистон ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» ва дар бораи дигар масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ суханронӣ карда шуд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

  Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва таъмини иҷрои нақшаи амали соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳар ҳафта, вобаста аз обу ҳаво чорабиниҳои шинонидани ниҳолҳои намуди ороишии ҳамешасабз гуаронида шуда истодааст. Дар шаҳри Гулистон ҳангоми ду маротиба гузаронидани аксияи ниҳолшинонӣ дар ҳудуди боғи назди кӯчаи ба номи А.Ҷомӣ, дар назди дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ ва гардиши минтақаи истироҳатии шаҳр 510 бех ниҳолҳои намуди санавбар ва 200 бех намуди ардач бо иштироки раиси шаҳр шинонида шудааст. Ҳамзамон, дар даромадгоҳи ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд, раиси шаҳр ва сокинони ҷамоати шаҳрак 55 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишии санавбар шинонида шуд. Дар шаҳри Исфара чорабинии ниҳолшинонӣ бо иштироки 350 нафар шаҳрвандон ба амал омада, дар рафти он 2000 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи ороишии санавбар шинонида шуд ва баргузории чунин чорабинӣ бо нинонидани ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз дар қадди шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ дар ноҳияи Шаҳристон низ амалӣ гардидааст. Маъракаи ниҳолшинонӣ дар миқёси вилояти Суғд идома ёфта тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист то охири моҳи январ маълумоти ҳамаи ниҳолҳои давоми моҳ шинонидашуда ҷамъбаст гардида, минбаъд оғоз аз моҳи феврал шаҳру ноҳияҳо оид ба рафти иҷрои нақшаи ниҳолшинонии соли 2026 дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ҳар 10 рӯз ба сарраёсат маълумоти хаттӣ пешниҳод менамоянд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.