Санаи 27.09.2020, рўзи истироҳат, кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо мақсади иштирок дар маъракаи чиниши пахта ва гузоштани саҳми худ ба хирмани диёр ба ноҳияи Б.Ғафуров, сафарбар шудаанд. Дар баробари кормандони раёсат дар ҷамъоварии ҳосили пахта якҷоя кормандони дигар сохторҳои давлатӣ низ иштирок намуданд. Дар майдони пахтазори бригадаи №18 хоҷагии КИХГ ба номи Т.Кўшатови ҷамоати деҳоти И.Ҳамзаалиеви ноҳия дар як рўз, аз ҷониби 10 нафар кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист зиёда аз 400 кг пахта ҷамъоварӣ гардида, ба хирмани ҳоҷагии мазкур супорида шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо истифода аз шароити мусоиди обу ҳаво кормандони сохторҳои давлатии вилояти Суғд, аз ҷумла Раёсати ҳифзи муҳити зист ҳар рўзи истироҳат то ба охир расидани маърака дар чиниши ҳосили пахта фаъолона иштирок менамоянд.