Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истиқлол

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1693

  Баҳри иҷрои нақшаи корӣ, бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф, баланд бардоштани маърифати экологӣ дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 5-и шаҳри Истиқлол аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия омӯзгорон ва хонандагони муассиса фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи муассиса аз партовҳои гуногун тоза карда шуд. Гузаронидани чунин аксияҳои экологӣ дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ пешбинӣ гардидааст.