Буриши ғайриқонунии дарахт дар ш.Панҷакент

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 5010

Чиноре, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент беш аз як аср инҷониб сояафканӣ намуда, муҳити зистро покиза нигоҳ медошт, аз тарафи сокинони деҳа ғайриқонунӣ бурида шудааст. Сокини ҷамоати деҳаи Ёрӣ Пӯлот Пулотов бо супориши раиси маҳаллаи Таги Равоти деҳа бе иҷозати бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр чиноре, ки зиёда аз 16 метр баландӣ ва дар ҳолати нашъунамо қарор дошт, ғайриқонунӣ бурида, талаботи қонунгузории амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зистро вайрон намуд. Зарари расонидашуда 1360 сомониро ташкил дода, нисбати қонуншикан маводҳои ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ тартиб дода  шуд.