Об ҳасту ҳаёт пойдор аст

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1515

  Аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар асоси барқияи Сарраёсат ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар МТМУ № 113-и деҳаи Тагоби халқ ҷамоати деҳоти Вору ва МТМУ № 3 шаҳри Панҷакент зери унвони «Об ҳасту ҳаёт пойдор аст» вохӯриҳо гузаронида шуд. Зимни суханронӣ мутахассисони бахш оид ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об, самаранок истифода бурдани захираҳои об, иштироки фаъолона дар аксияи «Тозагии соҳил» баромадҳо намуданд.