Шанбегии умумӣ бо иштироки волонтерон дар ш.Хучанд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1174

  Дар тозаву обод намудани муҳити атроф  саҳми волонтерон  хеле назаррас аст. Бо ин мақсад дирӯз дар соҳили дарёи Сир бо ҷалби волонтерони Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ш.Хучанд ва ноҳияи Б.Ғафуров  аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Аз ҷониби  волонтерону кормандони Филиал соҳили дарё ва инчунин Боғи Камоли Хуҷандӣ аз ҳар гуна партовҳои маишӣ тоза карда шуда, беш аз 40 адад борхалта партовҳои мухталиф  бароварда шуд. Дар баробари волонтерони ҶҲАТ ҳамзамон шумораи зиёди сокинони ш.Хуҷанд, ки нисбат ба тозагии муҳити атроф бетараф нестанд, дар шанбегӣ иштирок намуда, бо ин васила саҳми худро  дар тозагиву ободонии муҳити атроф гузоштанд.