Гузаронидани амалиёти назоратӣ дар ш.Хуҷанд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1178

  Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз тарафи мутахас-сисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ш.Хуҷанд дар кӯчаи Р.Ҳоҷиев буриши ғайриқонунии шохидарахти сановбар ошкор гардид. Нисбати қонуншикан Абдурасулова Х. сокини ш.Хуҷанд, ки бе иҷозати мақомоти ҳифзи муҳити зист шохаи дарахтро буридааст, дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуд.