Гузаронидани шанбегӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1262

 Бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба холати экологӣ, аз партовҳои  мухталиф тоза намудани маҳаллаҳои аҳолинишин бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар деҳаи Саричашмаи ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ зиёда аз 60 нафар аҳолии ҷамоат иштирок намуда, як адад партовгоҳи бесоҳиб тоза ва пурра бартараф карда шуд. Дар натиҷа ба партовгоҳи маркази ба миқдори 6 м3 партов бароварда шуд.