Вохӯрӣ бо маорифчиёни вилояти Суғд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1043

  Дар толори Раёсати маорифи вилояти Суғд вохӯрии намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд бо омӯзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин кормандони масъули Раёсати маориф баргузор гардид. Вохӯрии мазкур бо мақсади амалӣ гардонидани «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» пешбинӣ гардида, дар рафти чорабинӣ аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист маълумот оид ба натиҷаҳои яксолаи иҷрои Барнома пешкаши иштирокдорон гардид. Махсусан қайд гардид, ки ҳамкории судманд бо ташкилоти ҷамъиятӣ ба амалӣ гардидани як қатор чорабинию муҳимаш ба чоп расонидани 1500 нусха китобчаи худи Барнома ва то ҳол бо забони русӣ 450 нусха дастурамали «Раҳнамо оид ба таълими иловагии экологӣ» оварда расонид.

   Аз ҷониби мушовири ташкилоти ҷамъиятӣ дар бораи фаъолияту ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ дар доираи лоиҳаҳои гуногун ва нақшаҳои минбаъда нисбати ба чоп расонидани дастурамали мазкур бо забони тоҷикӣ сухан карда шуд. Барои ҳамаи мактабҳои вилоят ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, инчунин Марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва дигар зерсохторҳои Раёсати маорифи вилоят 1000 нусха китобчаи Барнома тақдим гардид. Ҳадафи баргузории чорабинӣ ин вусъат бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимии соҳаи маорифи вилоят дар иҷрои Барнома буда, ҳамзамон ҷиҳати ҷоннок намудани корбарӣ дар пешниҳоди саривақтии маълумот доир ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мусоидат менамояд.