Вохўрӣ ва муҳокимаи эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2258

  Санаи 23 декабри соли ҷорӣ дар толори сарраёсат бо иштироки сардорони шуъбаҳо ва мутахассисон доир ба аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» вохўрӣ ташкил карда шуд. Бо ин мақсад дар назди нишастагон роҳбари Маркази обу ҳавосанҷӣ дар вилоят Ҳомидов А. баромад намуда, оид ба пиряхҳои Тоҷикистон ва вазъи имрўзаи онҳо, дарёҳои калонтарин ва дар бораи санаи 14 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қабул кардани қатъномаи «Соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, маълумот дод. Қайд гардид, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари  узви СММ пазируфта шуд. Ҳамзамон,аз оғози соли 2025 минбаъд, ҳар сол таҷлили 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз тарафи кормандони сарраёсат якдилона ҷонибдорӣ карда шуд.