Саъба – парандаи соли 2023

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1921

   Ҳамасола Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд. Имсол саъба парандаи соли 2023 интихоб гардид. Саъба парандаи андозааш хурд буда, ба оилаи чархресакҳо ва қатори гунҷишкшаклон мансуб мебошад. Дарозии бадани ин паранда 15-17 см, дарозии болҳои он  8-9 см ва вазнаш 17 - 23 граммро ташкил медиҳад. Парҳои саъба серҷило буда, дар онҳо рангҳои сурх, зард, сафед ва сиёҳ ба ҳамдигар омезиш ёфтаанд ва ба он ҳусни хоса зам менамоянд. Тавассути чунин тобиши зебои бадан саъбаро дар масофаи дур аз дигар парандагон фарқ кардан мумкин аст. Фардҳои нарина ва модинаи саъба зоҳиран аз ҳамдигар  фарқияти зиёд надоранд. Дар баробари булбул, кабк, бедона, тутию дурроҷ саъба парандаи хушхон буда, дар байни дӯстдорони табиат маъруфияти хоса дорад. Ин паранда ба инсон зуд унс мегирад ва онро барои хониши форам дар қафас нигоҳ медоранд. Саъба монанди тути калимаҳои алоҳидаро талаффуз намуда, ба одам тақлид мекунад.

    Дар шароити сунъӣ то 15-20 сол умр мебинад. Саъба серҳаракату чолок аст ва дар муҳити  хоси зист села-села шуда зиндагӣ мекунад. Дар ҳудуди Тоҷикистон  саъба ба истиснои Помири Шарқӣ дар ҳама минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ дар баландиҳои  700-2200  метр аз сатҳи баҳр паҳн гардидааст. Муҳити хоси зисти саъба ҷангалзори сирак ва омехта, буттазор, боғот ва канори бешазори паҳнбарги кӯҳӣ ба шумор меравад. Саъба парандаи донхӯр буда, аз тухми растаниҳои гуногун ғизо мегирад, алалхусус дони растании мушхор, хори каррок, тухми офтобпараст ва ҷорӯбакро мепарастад. Дар шароити Тоҷикистон саъба парандаи муқимии лонагузор ба ҳисоб рафта, вобаста ба мавсими сол кӯчиши  амудӣ зоҳир мекунад. Аввали моҳи март ҷуфт шуда, дар  дарахту буттаҳои ҷангалзор лонаи куррашакл мегузорад. Масолеҳи лона аз рӯйпуши чандири  растаниҳои гуногуни алафӣ ва дарахтӣ иборат аст. Аз 3 то 7 тухм, аксар маврид  4-5 тухм мегузорад. Тухмзеркунӣ 13-14 рӯз идома меёбад. Чӯҷаҳо аз ҳашарот ғизо мегиранд ва дар давоми ду ҳафта ба парвоз омода мегарданд. Саъба ба қатори парандагони нодир мансуб нест, вале солҳои охир дар минтақаҳои аслии паҳншавӣ ҳамчун парандаи хушхон ба миқдори зиёд аз ҷониби қуруқшиканҳо дошта мешавад. Ин омил метавонад саршумори саъбаро дар оянда  дар муҳити хоси зисти он  маҳдуд намояд. Аз ин рӯ, оид ба ғайриқонунӣ  доштани саъба тадбирҳои муассир андешидан зарур аст.