Насби лавҳаи иттилоотӣ дар шаҳри Хуҷанд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1413

   Бахшида ба эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо», ташвиқу тарғиби 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кӯчаи Гагарин аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд лавҳаи иттилоотӣ насб карда шуд. Мақсад аз насб намудани чунин лавҳаҳои экологӣ баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист маҳсуб меёбад.