Тадбирҳои кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1270

  Бо мусоид омадани обу ҳаво ва тибқи нақшаи пешбинигардида дар шоҳроҳу кўчаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера гузаронидани амалиёти «Ҳавои тоза» оғоз карда шуд. Аз тарафи мутахассисони шуъбаҳои назоратии сарраёсат дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар роҳи нақлиётгарди маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд амалиёти «Ҳавои тоза» доир гардид. Боиси қайд аст, ки дар интихоб намудани минтақаи мазкур аризаи шикоятии сокинони мавзеъи Сартӯқаи ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров сабаб гардида, дар рафти амалиёт асосан нақлиёти боркашон аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа, ченкунии ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера ҳамагӣ аз 37 адад нақлиёт гузаронида шуда, барои аз меъёри стандарти давлатӣ барзиёд будани партовҳо нисбати 5 нафар ронанда бо дастрасии моддаи 230-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳо тартиб дода шуд.