Семинари омӯзишӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 900

  Санаи 20.04.2023 дар толори сарраёсат бахшида ба 22 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии замин семинари омӯзишӣ бо иштироки кормандони шуъбаҳои сарраёсат ва мутахассисони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, ки ба назорати самти ҳифзи замин вобаста мебошанд иштирок доштанд. Тибқи барномаи семинар аз ҷониби сармутахассисон баромадҳо дар мавзӯҳои роҳҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корами вилояти Суғд, истифодаи захираҳои замин ва оқибати экологии он, маълумоти итиллотӣ оид ба баргузории Рӯзи Замин, тартиби дуруст ҳисоб намудани зарар ҳангоми ифлос намудани замин шунида шуд. Ҳамзамон доир ба масъалаҳои пешгирии эрозия ва биёбоншавии замин, барқарорсозии хати муҳофизатии ҷангал ва корбарӣ ҷиҳати муайян намудани ҳолати расонидани зарар ба захираҳои замин қайд карда шуд.  Дар қисмати муҳокимаи маърӯзаҳо ва таҳлили баромадҳо саволу ҷавоб сурат гирифта, ба саволҳои худ иштирокчиён маълумоти мушаххас гирифтанд.