Дарси омӯзишӣ таҳти «Ҳифзи табиат омили саломатии ҷомеа»

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1358

  Дар асоси мактуби  Кумитаи иҷрои ҳизби  халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади  баланд бардоштани савияи дониши экологии  шунавандагони Мактаби захираҳои кадрҳои назди КИ ҲХДТ дар вилоят  намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ёқубов Б.Ш. дар дарси омӯзишӣ таҳти унвони «Ҳифзи табиат омили саломатии ҷомеа» иштирок намуд. Мақсади асосии  Мактаби захираи кадрҳо  дар доираи татбиқи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», баланд бардоштани савияи дониши сиёсии мутахассисони ҷавони болаёқат  мебошад. Намояндаи Сарраёсат ба шунавандагон доир ба сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи зиёда аз ду даҳсолаи охир ҷиҳати самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ,  эътироф гардидани  соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», дигар масъалаҳои экологӣ ва роҳҳои халли он, самтҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар самти ҳифзи муҳити зист  баромад намуд. Рафти дарси омӯзишӣ аз тарафи шунавандагон вобаста ба экология, проблемаҳои ҷойдошта, таклифу пешниҳод баҳри беҳбудии муҳити зист дода шуд. Дар интиҳо аз тарафи намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят  Ёқубов Б.Ш. ба намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  ду  ҷилд  Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.