Шиносоӣ аз рафти марҳилаи наслгирии сунъии моҳиҳо

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 770

  Таъмин намудани иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва афзун намудани захираҳои моҳӣ зери назорати доимии коршиносону мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар  вилояти Суғд қарор дорад. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд  Ғуфронзода А.Ғ. аз рафти  марҳилаи наслгирии сунъии моҳиҳо дар сехи инкубатсионии ҶДММ "Корпоратсияи моҳии тоҷик" дидан намуд. Айни ҳол тухми моҳиҳо, кирминаи нав аз тухм баромадаи зағорамоҳӣ, мури сафед ва пешонапахми сафед дар марҳилаи афзоиш қарор доранд. Марҳилаи босифати наслгирии моҳиҳо ба барориши бештари кирминамоҳичаҳо мусоидат менамояд. Омилҳои абиотикӣ, ба монанди ҳарорати обу ҳаво ба рафти корҳои наслгирӣ таъсири худро расонида истода бошад ҳам, моҳипарварон тасмим гирифтаанд, ки нақшаи истеҳсоли наслгирии моҳиҳоро бо натиҷаҳои назаррас анҷом диҳанд. Рафти шиносоӣ ба моҳипарварони хоҷагӣ аз тарафи сардори Сарраёсат Ғуфронзода А.Ғ. баҳри баланд бардоштани рафти наслгирии моҳиҳо дар сехи инкубатсионӣ ва  босифат гузаронидани технологияи парвариши моҳиҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.