Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Айнӣ

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 879

  Бо мақсади амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати ҳифзи мухити зист дар вилоят, тозаву обод намудани муҳити зист дар шоҳроҳи Айнӣ - Чаноқ бо ҷалби васеи аҳолии  ҷамоатҳо, хонандагони МТМУ № 1 аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Аксия бо иштироки 175 нафар гузаронида шуда, минтақаҳои аҳолинишин ва ҷуйбору манбаҳои обӣ ба масоҳати 2 км аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, 1,3 м3 партов бароварда шуд.