Корҳои ташвиқотӣ- тарғиботӣ ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон"

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1285

 Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, оид ба мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ – ташвиқотии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати фаҳмонидан ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ки 24 декабри соли 2022 қабул гардидааст, дар Маркази саломатӣ ва Литсейи касбӣ техникии шаҳри Истиқлол вохӯрии тарғиботӣ -ташвиқотӣ гузаронида шуд. Дар он сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода А.Ғ., мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Толибзода М., сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” Шарифзода А. иштирок доштанд. Рафти вохӯрӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода А.Ғ. доир ба аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" баромад намуда, иброз намуд, ки масъалаи тарбияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро  Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала изҳори назар менамоянд.

  Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ин масъала низ таъкид гардид, ки: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”. Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Толибзода М. ва сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” Шарифзода А. низ дар баромадҳои худ қайд намуданд, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон рукни асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани чунин қонунҳо дар мамлакат нишонаи он аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тарбияи дурусти наврасону ҷавонони кишвар аҳамияти хоса медиҳад. Ҳамчунин пас аз гузаронидани вохӯриҳо гурӯҳи ташвиқотӣ аз осорхонаи шаҳри Истиқлол дидан намуда, аз дастоварду намунаи осори ниёгони ин маҳал шинос шуданд.