Иштирок дар маъракаи ҷамъоварии пахта

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1236

  Кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят чун ҳамасола бо мақсади иштироки фаъолона ва гузоштани саҳми арзанда дар маъракаи ҷамъоварии пахта ба ноҳияи Спитамен сафарбар шуданд. Дар майдони пахтазори хоҷагии деҳкони Деҳқонбоев Н. - и ноҳия аз ҷониби кормандони Сарраёсат  зиёда аз 300 кг пахта ҷамъоварӣ гардида, ба хирмани хоҷагӣ супорида шуд.