Аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Хуҷанд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 5050

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баҳри иҷрои Қарори Раиси вилоят «Дар бораи эълон намудани 120 рӯзи меҳнати зарбдор», бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бо ҷалби оммаи васеъ санаи 8 апрели соли равон аксияи «Тозагии соҳил»-ро  доир намуд.

    Дар аксия донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсат, литсейи касби-техникии № 44 ва № 56, коллеҷи омӯзгорӣ ва тиббӣ, кормандони Маркази дилшиносӣ ва ҷарроҳии дил ва беморхонаи физиотерапев-тии ҷумҳуриявӣ, кӯдакистони Президентӣ, сокинони  кумитаҳои маҳаллаҳои 1-Май, Сайҳун, Сирдарё ва соҳибкорон  ҳамагӣ  2578 нафар иштирок намуда, ду тарафи соҳили дарёи  Сир, аз кӯпруки ҷашнӣ то кумитаи маҳаллаи Раззоқ аз партовҳо, алафҳои худрӯйи хушкшуда, тоза карда шуда ба ҳаҷми 38 м3 партовҳо аз тарафи КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳр ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.