Шонасарак – паррандаи соли 2018

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4699

Шонасарак дар саросари олам чун паррандаи  афсонавӣ машҳур мебошад. Дар тамоми мамлакатҳои Шарқу Ғарб ва Осиё шонасаракро дидан мумкин аст. Соли гузашта дар Федератсияи Русия соли ҳудҳуд эълон гардида буд. Ба ақидаи паррандашиносони ҷаҳон шонарасак паррандаи ғайриоддӣ низ мебошад. Зеро рафтору хусусиятҳои биологии шонасарак хеле аҷибанд. Шонасарак лонаашро ба таври алоҳида сохта, ба чуҷаҳояш аз хурдӣ тариқи ёфтани туъмаро меомӯзад. Аз ҷониби дигар, шонасарак санитари табиат низ мебошад. Онҳо кирму дигар ҳашаротҳои зарарнокро нест карда, ба муҳити зист фоида меоранд. Дар бораи  тоҷи шонасарак ва ҳаёти он дар миёни мардуми дунё ва фолклори халқҳои гуногун нақлу ривоятҳои зиёде ҷой доранд. Ба қавли мардуми соҳили Волга замоне гӯё ҳудҳуд шоҳи паррандагон будааст. Аммо ӯ хостааст, ки худои тамоми паррандагон бошад. Аз ин рафтори ҳудҳуд худо ба ғазаб омадааст ва оқибат лонаи вай ба манзили буйнок табдил ёфтааст. Дар миёни халқҳои Кафкоз низ ривоятҳои зиёде то ҳол  боқӣ мондаанд, ки зиракиву доноии шонасаракро ситоиш намудаанд.