Нишасти матбуотӣ

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4373

 Санаи 8 феврали соли равон дар бинои Сарраёсати кишоварзӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи МИҲД вилоят нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи заминсозӣ ва  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид.

    Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд» - Худойбердиев У.,  «Ризқофарин» - Бобоҷонова М., рӯзномаи «Ҷумҳурият» - Ҷ.Аштӣ, «Тирози ҷаҳон» - Ваҳҳобова М., «Садои мардум» - Мақсудов М., ҳафтаномаи «Тоҷикистон» - Муродӣ Ф., оҷонсии иттилоотии «Азия-плюс» - Рофиева М., радиои «Озодӣ» - Имомов М., ШТР СМ-1 – Ҳ.Ҷӯраев ва Шамсиева Ф., ШТР «Азия» - Атаева М., ТВ «Диёр» Мирҷумаева Ф., рӯзномаи «Фараж» - А.Охунов, ТВ «7 ситора» - Мӯминзода М., рӯзномаи «Суғд ҳақиқати» - Деҳқонова М., мухбири радиои «Тоҷикистон» - Мақсудова С., Б.Пӯлодӣ – радиои «Шаҳри ман», ТВ «Танин» - П.Аҳророва, радиои «Пайванд» - Марупов Ҷ. ҳамагӣ 19 нафар намояндагони ВАО иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ (пресс-релиз) оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зист дар соли 2017  дастрас гардид.   

       Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба ҳолати партовгоҳҳои радиатсионии вилоят ва корҳои иҷрошуда дар ин самт, вазъи экологӣ дар вилоят, оиди маблағи сарфшуда дар хокпӯш намудани партовгоҳҳо, нақшаҳои минбаъдаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», корбарӣ дар ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳои табиӣ ва таърихи вилоят, бештар шинонидани дарахтони сояафкан дар қадди роҳҳо,  шумораи дарахтони буридашуда ва шинонидашуда дар соли сипаригашта ва дигар посухҳои худ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.