Имсол Ҳиндустон маркази таҷлили Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист тайин шудааст

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4603

Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зистро Ассамблеяи Генералии СММ соли 1972  таъсис додааст ва аз ҳамон вақт инчониб ҳар сол аз ҷониби  мардуми ҷаҳон 5 июн дар аксар  кишварҳои дунё қайд карда мешавад.

Дар Ҷумҳурии мо Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии муҳити зист аз соли 1988 ва ҳамчун иди давлатӣ аз соли  2008 инҷониб дар сатҳи баланд ыайд карда шуда, ба ҳалли масъалаҳои экологӣ аҳамияти махсус дода мешавад.

Барои таҷлили глобалии ин санаи экологӣ одатан, яке аз кишварҳои дунё интихоб мегардад. Ғайр аз ин ҳар сол барои таҷлили ин санаи муҳими экологӣ шиори ид пешниҳод  мешавад.

 Шиори имсола:

Мавзӯи ҷашнгирии соли 2018 ба масъалаи мубориза бар зидди ифлосшавии муҳити зист бо партовҳои пластикӣ бахшида шуда, сарони кишварҳо, намояндагони соҳаи саноат ва тиҷорат,  ҷомеаҳои маҳаллӣ, доираҳои илмӣ ва академикӣ, ҳамчунин табиатдўстони фаъоли ҷомеаро даъват менамояд, ки баҳри ҷустуҷўи ҳалли ин масъалаи мубрами ҷаҳони муосир тадбирҳоизарурӣ андешанд. Баҳри ҷустуҷӯи ивази пластик ба маводи алтернативӣ, кам кардани истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ ва пастравии талаботи  умумӣ ба маҳсулоте, ки аз пластик сохта шудааст, тадбирҳои (амалҳои) таъҷилӣ роҳандозӣ карда шавад.

Ҳамасола дар кишварҳои гуногун чорабиниҳои расмӣ бахшида ба  Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист доир мегарданд, ки ин ба ҷалби тамоми аҳли ҷомеа ба муаммоҳои мубрами экологии кишварҳо кӯмак ва саҳмгузорӣ менамояд. Имсол ҷои расмии баргузории ҷашн Ҳиндустон дониста шудааст. Таҳти сарварии Ҳукумати Ҳиндустон чорабиниҳои мухталиф ва ҷашнвораҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист баргузор мегарданд. Чорабиниҳои мазкур аз мавзӯи конференсияҳои илмӣ оғоз гардида, то тозаву озода намудани ҷойҳои ҷамъиятӣ, мамнуъгоҳҳои миллӣ, соҳили дарёҳо ва обутобгоҳҳоазпластикҳо идома меёбад. Кишвари Ҳиндустон ният дорад ба таври бояду шояд муборизаро бар зидди партовҳои пластикӣ намоиш диҳад.

Партовхои пластикӣ.

Пластик маҳсулоти универсалӣ, сабук, печон, обногузар, сахт ва баробари он мутаносибан қиммат намебошад. Ин сифату хусусиятҳо маҳсулотро серистеъмол, дар ҷаҳон маъмул ва таҳкурсии бисёр ихтироъкориҳо гаштааст. Аммо, хусусияти ҳалнашавии пластик дар табиат, муносибати хунукназарона ва истифодаи бемеъёри маводи пластикӣ ба он оварда расонидааст, ки ифлосшавии муҳити зист бо партовҳои пластикӣ офати экологиро ба миён овардааст. Қисми зиёди партовҳои пластикӣ коркард намешавад. Аз рӯи маълумотхои Би би си дар соли 2015 дар ҷаҳон 6,3 млдр. тонн партовҳои пластикӣ ҳосил шудааст. Танҳо  9% он аз нав коркард ва 12% дар корхонаҳои коркард безарар гардонида шуданд. Одатан қисми зиёди ин партовҳо ба партовгоҳҳо партофта мешаванд ё ин, ки ҷои онҳо кӯчаҳоишаҳрҳо, роҳҳоимошингард, дарёҳо ва баҳрҳо мегарданд.

 Далелҳоииловагӣ оид ба ифлосшавӣ бо партовҳоипластикӣ:

- ҳар сол дар ҷаҳон бештар аз 500 млрд. пакетҳои пластикӣ истифода мешаванд;

- ҳамасола қариб 8 млн. тонна партовҳои пластикӣ ба уқёнусҳои ҷаҳон партофта мешаванд;

- дар даҳсолаи охир назар ба асри гузашта пластик бештар истеҳсол шудааст;

- 50% маҳсулоти пластикӣ як маротиба истифодашаванда мебошад;

- дар ҷаҳон дар як дақиқа 1 млн. зарфхои пластикӣ бо нӯшокиҳои гуногун харидорӣ мешаванд;

- ҳаҷми партовҳои пластикӣ 10% ҳаҷми умумии партовҳое, ки мо истеҳсол мекунем ташкил медиҳад.