Семинари бозомӯзӣ

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4400

   Баҳри баланд бардоштани савияи дониши кормандон санаи 23 майи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат семинари бозомӯзӣ бо иштироки сардорони шуъбаҳо ва мутахассисони Раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, аз он ҷумла мутахассисон доир гардид. Дар рафти семинар корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба баргузории Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ», рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҳия ва пешниҳоди дурусти шаклҳои нави ҳисобот, асосҳо ва ҳолатҳое, ки сабаби гузаронидани санҷишҳои ғайринақшавӣ, иловагӣ ва такрорӣ мегардад,тартиби пешниҳоди дурусти матритсаи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва ҷадвали сарфи маблағҳо ҷиҳати иҷрои бандҳои наќшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур шунида шуд.

    Ҳамчунин байни иштирокчиён оид ба масъалаҳои баррасишуда саволу ҷавоб сурат гирифт. Ҳамзамон, омодагӣ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист ва оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои бахшида ба ин санаи муҳими экологии мазкур дида баромада шуд.