Баргузории аксияҳо дар вилояти Суғд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4545

     Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба эълон гардидани соли 2018 – “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист ва сазовор пешвоз гирифтани Рўзи Ваҳдати миллӣ санаи 02.06.2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо иштироки беш аз 59,2 ҳазор нафар кормандони муассисаву ташкилотҳо, аҳолии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ аксияҳои “Тозагии соҳил”, “Тозагии маҳал” ва “Тозагии роҳҳо”-ро баргузор намуд. Дар рафти аксияҳои мазкур корҳои сохтмонию ободонӣ, таъмири биною иншоотҳо, тоза намудани гирду атрофи идораҳо, иншоотҳои иҷтимоию кўчаю хиёбонҳо, обод намудани гулгаштҳо, боғҳои истироҳатию фароғатӣ, кашонидан ва ҷойгиронии партовҳо аз кўчаҳои ҷамоат ва тоза намудани ҳудудҳои манбаъҳои обӣ ба иҷро расонида шуд. Дар натиҷа 278 метри мураббаъ биною иншоотҳо ва 10,3 ҳазор бех дарахтон сафед карда шуда, зиёда аз 30 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.

        Инчунин, каналу ҷўйборҳо ба масофаи 58,9 км, 7,2 км соҳилҳои манбаъҳои обӣ, 39301 метри мураббаъ ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ва гирду атрофи ташкилоту муассисаҳо, зиёда аз 66,9 км қадди роҳҳо аз партовҳо тоза карда шуд. Ҳамзамон, беш аз 271,64 метри мукааб партовҳо дар партовгоҳҳои расмӣ ҷойгиронида  шуданд.