Семинар – машварати «Табиати Тоҷикистон – макони сайёҳӣ»

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 5385

   Баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳоиэкологии насли наврас ва ҷавонон, бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии Раёсати маориф ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар КВДК Истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ба номи “20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и н.Ҷ.Расулов бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028,  “Соли 2018 – соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” семинар – машварат таҳти унвони  «Табиати Тоҷикистон – макони сайёҳӣ» доир гардид. Дар семинар - машварат истироҳаткунандагон - хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Панҷакент, Конибодом, Ҷ.Расулов, вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, намояндагони Маркази таҳсилоти иловагӣ, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва сармуррабии истироҳатгоҳ -  магистранти ДДҲБСТ иштирок доштанд.

Дар рафти семинар оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, мавқеи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, нашри нави  Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди туризми экологӣ ва  ёдгориҳои табии баромадҳо шунида, филми ҳуҷҷатии “Тоҷикистон – сарчашмаи оби зулол” намоиш дода шуд.  Иштирокчиён ба саволхои худ оид ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, растаниҳои нодири маҳвшаванда, захираҳои моҳӣ, муомилот бо партовҳо ва ихроҷи маводҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ҳамчунин дар интиҳои чорабинї ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуни расмкашї дар тахта бо бўр дар мавзўи «Табиати  Тоҷикистон – макони сайёҳӣ», ки байни хонандагон ташкил карда шуд, диплому сипосномаҳо  супорида  шуд.