Вохўри бо маорифчиёни шаҳри Исфара

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 5271

Тибқи нақшаи корӣ бо мақсади амалӣ намудани  нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ санаи 18 июли соли равон дар толори муассисаи таълимии давлатии литсейи № 5 шаҳри Исфара вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо намояндагони соҳаи маориф, аз ҷумла Раёсати маорифи шаҳр, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони фанни экология, дар маҷмуъ беш аз 50 нафар доир гардид. Пас аз сухани ифтитоҳии мутахассиси бахши хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Раёсати маорифи шаҳр, намояндаи Раёсати ҳифзимуҳитизист оид ба мақсад ва зарурати қабул гардидани Барномаи мазкур ва роҳҳои амалисозии он баромад намуд.

Ҳамчунин бо мақсади бархурдор шудан аз олами набототу ҳайвоноти нодири кишварамон ба иштирокчиён дар бораи Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳодгардид. Ҳамзамон, бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, дар бораи чораҷўиҳо тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонҳангоми партофтани партовҳо ба ҷойҳои ғайрирасмӣ маълумот дода шуд.

Дар рафти вохўрӣ бо омўзгорони фанни экология саволу ҷавоб ба амал омада, дар бораи шинонидани ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз, ифлоскунандагони асосии ҳавои атмосфера, аҳмияти шинонидани гулҳои бисёрсола ва яксола дар муассисаҳои таълимӣ, сохтмони биноҳои бисёрошёнаи истиқоматии, ки якум ошёна мағоза мебошад фаҳмонида дода шуд.

Аз тарафи иштирокчиён таклиф пешниҳод гардид, ки дар доираи амали Барномаи мазкур дар мактабҳо соати хониши дарси экология аз як соат дар як ҳафта, ба ду соат табдил дода шавад.

    Дар оғози вохўрӣ филми «Тоҷикистон – сарчашмаи оби зулол» тамошо карда шуда, диски он ба литсеи мазкур тақдим гардид. Ҳамчунин, баромади чор хонандагони литсей бо забони русӣ, шеърҳо дар мавзўи табиат шунида шуд. Вохўрии мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, барои баланд бардоштани маърифати экологӣ заминаи мусоиде хоҳад гузошт.