Аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Гулистон

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4635

  Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 14.03.2018, № 89 «Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 14.07.2018 дар минтақаи пойгоҳи обкашии Сомғор – 1 таълуқ ба идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Б.Ғафуров аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия 14 нафар кормандони идораи мазкур ва 7 нафар шаҳрвандон иштирок намуда, мавзеҳои аз партовҳо ифлосгашта ва алафҳои худрўй тоза намуданд. Зиёда аз 4,5 м3 партовҳо бо воситаи нақлиёти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Гулистон ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд. Ҷараёни аксия аз ҷониби кормандони телевизиони вилояти Суғд ба навор гирифта шуд.