Вохўрӣ бо маорифчиёни ноҳияи Спитамен

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4820

  Бо мақсади амалӣ намудани  нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ санаи 25 июли соли 2018 дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо намояндагони соҳаи маориф - омӯзгорони фанни биология, география ва экология, дар маҷмуъ беш аз 40 нафар доир гардид. Дар рафти вохўрӣ оид ба мақсад ва зарурати қабул гардидани Барномаи мазкур ва роҳҳои амалисозии он, муаммоҳои дастрасӣ ба оби тозаи нўшокӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, дар бораи Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҷўиҳо тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳангоми партофтани партовҳои ба ҷойҳои ғайрирасмӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани донишу маърифати экологӣ суханронӣ карда шуд.

     Дар рафти вохўрӣ бо омўзгорон саволу ҷавоб ба амал омада, аз тарафи иштирокчиён таклиф оид ба зиёд намудани соати хониши дарси экология дар мактабҳо аз як соат ба ду соат дар як ҳафта дар доираи амали «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» пешниҳод гардид. Дар оғози вохўрӣ филми «Тоҷикистон – сарчашмаи оби зулол» тамошо карда шуда, диски он ба шуъбаи маорифи ноҳия барои истифода дар дарсҳои фанни экология тақдим гардид.