Вохӯрӣ дар шаҳри Истаравшан

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4707

    Баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан санаи 30 октябри соли равон вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо донишҷўён доир гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ намояндаи коллеҷи мазкур баромад намуда, оид ба масъалаҳои экологӣ, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои табиӣ, зарурияти тарбия ва маърифати экологии ҷавонон изҳори ақида намуд. Дар навбати худ, аз тарафи намояндаи Раёсат оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар бораи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, чораҷўиҳо барои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ баромад пешкаши иштирокчиён гардид.

    Дар рафти вохўрӣ саволу ҷавоб амалӣ гардида, ба саволҳои донишҷӯён ҷавобҳои мушаххас дода шуд. Дар охири чорабинӣ ба Коллеҷи мазкур маводҳои иттилоотӣ, аз он ҷумла филми ҳуҷҷатии «Тоҷикистон – сарчашмаи оби зулол», ки ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 бахшида шудааст, тақдим карда шуд.