Вохӯрӣ дар ҷамоатҳои ноҳияи Ҷ.Расулов

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4385

Баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист маҳсуб ёфта, амалишавии иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»  дар  ҷамоату шаҳракҳои ноҳияҳо  мунтазам идома дорад.

Бо ин мақсад моҳи декабр дар  ҷамоатҳои Сомониён, Деҳмой, Гулхона, Ҳаёти Нав, Ғулакандоз ва ҷамоати шаҳраки Меҳробод вохӯрии намояндагони бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ҷ.Расулов бо раисони ҷамоатҳо ва аҳолӣ доир гардид.

Бо сухани ифтитоҳӣ мудири бахш Каримзода Ф. оид ба мақсад ва вазифаҳои қабул гардидани Барномаи мазкур, махсусандар ҳамбастагӣ бо ҷамоатҳо, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон , оқилона ва самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ дар амалӣ гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва дигар масъалаҳои вобаста ба маърифати экологӣ маълумоти мухтасар дод. Дар рафти вохӯрӣ иштирокчиён оид ба муаммоҳои ҷойдоштаи экологӣ дар ҷамоатҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо, масъалаҳои партов ва боз ҳам фаъолтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ саволу ҷавоб намуданд.   

     Баргузор намудани чунин вохӯриҳо дар байни аҳолӣ барои баланд бардоштани маърифат ва дониши экологӣ мусоидат менамояд.