Семинар дар маркази бозомӯзии ш.Гулистон

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4197

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ,  амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар маркази бозомӯзии ш.Гулистон аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Гулистон семинар бо иштироки кормандони хадамоти хоҷагии коммуналии шаҳр, раисони  махаллаҳо ва кормандони воситаҳои ахбори омма доир гардид. Дар рафти семинар кормандони бахш оид ба мақсад ва ҳадафҳои қабул гардидани Барномаи мазкур, рафти иҷрои талаботҳои он, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодӣ, эълон гардидани “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”,  зарурати рушди маърифати экологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор  ва масъалаи партовҳо  баромадҳо шунида шуданд. 

Аз тарафи иштирокчиёни семинар оиди ҷой доштани муаммоҳои экологӣ дар самти партов ва  роҳҳои ҳалли онҳо, масъалаи нигоҳдории  лампаҳои аз истифодабаромада, ҳамчунин пешниҳоду дархостҳо нисбати беҳдошти муҳити зист ва баланд бардоштани маърифату дониши экологии аҳолӣ изҳори ақида намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

      Бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Гулистон баргузории чунин вохӯриҳоро бо дигар намояндагони дигар сохторҳо низ ба нақша гирифтааст.