Насби лавҳаи огоҳкунанда

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4203

Дар соли эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, баҳри ҳифз намудани ҳайвоноти нодир ва маҳвшудаистодаи вилояти Суғд, ки ба Китоби Сурхи ҶТ дохил карда шудаанд, аз тарафи кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар минтақаи соҳили рости обанбори Баҳри Тоҷик дар доманакӯҳи Оқбел лавҳаи огоҳкунанда насб карда шуд. Боиси қайд аст, ки дар минтақаи мазкур намудҳои ҳайвоноти нодир, ба монанди  ғизол, сусмори хокистарранг, паррандаҳои дуғдоғ, ҷек, лойхӯраки дашти, тазарви сирдарё, кӯрмор, мори печони шарқӣ, мори гургдандони кундаланграх  сукунат доранд.

    Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ба нақша гирифтааст, ки чунин лавҳаҳоро дар  дигар минтақаҳои вилоят низ насб намояд.