Маъракаи ниҳолшинонӣ

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4281

   Баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза мегирад. Он дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободию кабудизоркунии маҳали зист ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси шаҳри Гулистон «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ гардида истодааст. Дар ин раванд аз тарафи шаҳру ноҳияҳо дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба маъракаи кабудизоркунии тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019 нақша чорабиниҳо тасдиқ гардида, дар асоси он дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Исфара ва Ҷ.Расулов ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда ба миқдори қариб 3 ҳазор адад  ва гулҳои ороишиву мавсимӣ қариб 30 ҳазор адад шинонида шуданд. Гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ идома дорад.