Ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2018

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4634

Санаи 4 январи соли 2019  дар Маркази бозомўзии Раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли  2018 ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Ибодзода, мудири шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят А.Латифӣ, сардори Раёсат ва муовин, сардорони шуъбаҳои Раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, сармутахассисони Раёсат иштирок намуданд.

Дар оғози ҷаласа аз тарафи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бахшида 30 солагии таъсисёбии мақомоти ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аввалин раиси Кумитаи хифзи табиати вилояти Ленинобод  Султонов  А.А. нишони сарисинагии ҷашнӣ   супорида шуд. Дар рафти ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти Раёсат шунида шуда, аз сардорони шуъбаҳои Раёсат ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал оварда шуд. Ҳамчунин, аз тарафи Раиси Кумита  бобати беҳтар гардидани ҳолати экологии минтақаҳо, ҳифз ва зиёд намудани намудҳои олами ҳайвоноти нодир ва дигар масъалаҳои муҳим супоришҳо дода шуд.