Вохӯрӣ дар МДТ «Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд»

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 4588

Раёсат баҳри татбиқ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкории доимӣ дошта, баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии аҳолӣ  ҳамаҷониба корбарӣ намуда истодааст.

Бо ин мақсад  санаи 24  январи соли  равон дар муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд» вохӯрӣ бо иштироки намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, донишҷӯёну омӯзгорон баргузор гардид. Пас аз сухани ифтитоҳии директори литсейи мазкур намояндаи раёсат сараввал оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Қайд карда шуд, ки  Пешвои миллат на танҳо ба масъалаҳои  соҳаҳои гуногун, инчунин оид ба беҳдошти муҳити зист низ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, масъалаҳои ҳифзи муҳити зистро ба монанди олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, инчунин дигар самтҳои муҳими марбута ёдовар гардид. Ҳамчунин намояндаи раёсат доир ба мақсад ва вазифаҳои қабул гардидани «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», махсусан дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таълимӣ маълумоти муфассал дод.

    Дар рафти вохӯрӣ омӯзгорон ва донишҷӯён дар мавзӯҳои муомилот бо партовҳо, аз ҷумла лампаҳои каммасрафи аз истифода баромадаи симобдор, зарар ва оқибатҳои он ба саломатии инсон ва муҳити зист саволҳо дода, ҷавобҳои мушахас гирифтанд.