Давраи тухмгузории моҳӣ дар вилояти Суғд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 5172

Дар асоси фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 20.03.2019, №21 «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2019» аз 1 апрел то 15 июни соли ҷорӣ дар ҳавзаи дарёи Сир ва дигар дарёҳо, обанборҳо, сойҳо ва кӯлҳои ҳудуди вилоят сайди моҳӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқию воқеӣ манъ карда шуд. Барои амалӣ гаштани нақшаи чорабиниҳо ситод дар ҳайати 16 нафар бо роҳбарии сардори раёсат ташкил ва корбарӣ намуда истодааст.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ баҳри ҳифзи захираҳои моҳӣ, ба танзим даровардани моҳидорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои  моҳии обанбори «Баҳри Тоҷик» ва ҳавзаи Сирдарё аз ҷониби нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист 52 маротиба амалиёти фаврӣ гузаронида шуда, 35 санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуд. Ҳамчунин, нисбати қонунвайронкуниҳои ошкоргардида 7 адад мавод тартиб ва барои чораҷӯӣ ба мақомоти прокуратура супорида шуд. Дар натиҷа нисбати 4 нафар сокинони шаҳри Конибодом ва 1 нафар сокини ноҳияи Б.Ғафуров парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 230-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Ҳамзамон, аз қӯруқшиканон 1 адад қайиқи резинӣ ва 3 адад қайиқи оҳанин, 2,5 ҳазор метр тӯри моҳидорӣ муваққатан боздошт гардида, 79 адад тўрҳои моҳидории бесоҳиб нобуд карда шуд.

Барои иҷрои фармоиши сардори раёсат 26 адад эълон ва ба ташкилоту идораҳо, бозору нуқтаҳои савдо, нуқтаҳои пухтупази моҳӣ 42 адад амрнома оид ба манъи сайди моҳӣ пешниҳод гардид.

     Инчунин, дар байни аҳолӣ 35 маротиба сӯҳбату 6 эълон дар рӯзномаҳо, 5 барнома дар садо ва симои вилоятӣ ва маҳаллӣ оид ба масъалаи мазкур амалӣ  карда  шуд.