Конференсияи илмӣ-амалӣ

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 5062

Ҳамасола санаи 15–уми апрелро дўстдорони табиат чун Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ таҷлил менамоянд. Ин иқдом соли 1992, зимни баргузории Конфронси СММ дар шаҳри Рио-де-Жанейро, ки масъалаҳои доғи рушди устувори аҳли башар муҳокима мегардид, ба ҳукми анъана даромад.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якҷоя бо кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ «ДДХ ба номи Б.Ғафуров» дар моҳи апрели соли равон бахшида ба ин санаи муҳими экологӣ гузаронидани конференсияро пешбинӣ карда буд.

Санаи 29.04.2019 дар толори калони раёсати Донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Роҳҳои беҳтар намудани маърифати экологии аҳолӣ» баҳри татбиқи нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021«Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», таъмини иҷрои талаботи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»баргузор гардид.

 Дар кори конференсия олимон, устодону донишҷўён, намояндагони соҳаи маориф, кормандони шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Мувофиқи барнома баъд аз сухани ифтитоҳӣ баромадҳо дар мавзўи «Мавқеи маърифати экологии аҳолӣ дар раванди рушди иқтисодии Ҷумҳурии Точикистон», «Тарбия ва маърифати экологӣ – заминаи рушди фарҳанги ҷомеа», «Роҳҳои баланд бардоштани маърифати экологӣ дар муассисаҳои таълимӣ», «Тарбияи экологии хонандагон дар раванди машғулиятҳо дар гўшаи «Табиати зинда»» ва дар интиҳо муаррифии китоби нав аз чоп баромадаи дарсии дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиат «Маърифат ва тарбияи экологӣ» ба амал омад.

    Боиси қайд аст, ки рафти чорабинии мазкур аз ҷониби телевизионҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва рўзноманигорони матбуоти даврӣ, ки бевосита иштирок доштанд иттилоъ дода мешавад.