Вохӯрӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3882

Бо мақсади баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ ва  нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 5 июн - Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист вохӯрии намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят  доир гардид. Вохӯриро  сардори маркази таълимӣ - методии РКХФ ва МГ дар вилоят, подполковник Абдусамадов М. оғоз намуда, оиди муаммоҳои экологии ҷойдошта, тағйирёбии иқлим ва таъсиру пайомадҳои он ба аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки ба фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо алоқамандии зич дорад ибрози ақида намуд.

Зимни вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони Раёсат дар мавзӯи «Тарбия ва маърифати экологӣ – заминаи рушди фарҳанги ҷомеа» ва роҳҳои баланд бардоштани маърифати экологӣ, таъмини иҷрои талаботҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» баромадҳо пешниҳод гардид.

     Намояндагони Раёсат барои ташкили чунин вохӯрӣ изҳори миннатдорӣ баён карданд ва иштирокчиёнро бо фарорасии Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист  табрик ва даъват карда шуд, ки барои тозаву обод нигоҳ доштани кишварамон  саҳми арзанда гузоранд, ки ин  баҳри пешравии ҷомеаи имрӯза мусоидат хоҳад кард.