50 сол дар хидмати халқу Ватан

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3946

    Тибқи дастури мақомоти болоӣ  дирӯз ба ифтихори 70-умин солгарди якумин раиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Суғд  Абдулатиф Султонов дар толори Маркази бозомӯзии  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар шаҳри Гулистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Онро бо сухани муқаддимавӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Темурҷон Нӯмонзода ҳусни ифтитоҳ бахшида мухтасар аз роҳи тайкардаи соҳибҷашн маълумот дод . Султонов Абдулатиф  поягузор ва нахустраиси мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят буда дар давоми 8 соли фаъолият дар рушди соҳа, пешбурди сиёсати экологӣ дар вилоят, тарбияи кадрҳо ва маърифати экологии аҳолӣ  саҳми арзанда  гузоштааст. Ҳоло бошад ҳамчун намояндаи ҷамъияти Дӯстӣ ва равобити фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд фаъолият бурда истодааст.

    Номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба унвони соҳибҷашн сармутахассиси шўъбаи агросаноатии МИҲД вилоят Саидимон Акбаров қироат кард ва тўҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд. Ҳамчунин соҳибҷашнро бо 70-умин баҳори зиндагӣ муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят Ҳ.Ҳоҷиев, муаррихи варзида, роҳбари Осорхонаи Б.Ғафуров профессор Ҳ.Холҷўраев, намояндаи вилояти Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Суғд А.Аҳмедов, академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон М. Абдусамадов, аз номи шарикдарсони мактаби олӣ доктори илмҳои кимиё З.Розиқов, аз номи ҳамсинфони мактаби миёна хизматчии давлатӣ А.Ҳабибов, аз номи шогирдон корманди масъули Ширкати кўҳӣ-металлургии Тоҷикистону Хитой А.Самадов  муборакбод гуфтанд. Дар интиҳо соҳибҷашн А.Султонов барои чунин қадршиносӣ ба МИҲД вилоят, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят арзи сипос  намуд.